ҶАВОНОН — НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ (Дар партави Паёми Пешвои миллат)
ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастуруламали босамари фаъолияти давлат дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад.
Паём доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд. Бояд зикр намуд, ки Президенти кишвар дар ҳар як Паём ба тарбияи ҷавонон диққати махсус медиҳанд. Тавре дар Паёми худ Пешвои миллат қайд менамоянд, ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 дарсади сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд.
Бо назардошти ин, Ҳукумат дар самти бартараф намудани падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон як зумра иқдомҳоро амалӣ намудааст, ки баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, рушди онҳо нақши меҳварӣ бозидааст. Аз ҷумла, дар ин самт қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва амалисозии онҳо аҳамияти хеле назарас дорад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мо дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази тадқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҳар чи бештар ҷалб карда шаванд. Ҷавонон аз иқдоми таъсиси чунин Марказ ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд, зеро он метавонад дар оянда барои баланд бардоштани шаъну шарафи кишвари маҳбубамон мусоидат намояд. Ҷавонони ватандӯсту лаёқатманд метавонанд дар оянда ҳамчун кадрҳои арзандаи кишвари соҳибистиқлоли мо ба воя расанд ва дар арсаи илми муосири нақши калидӣ дошта бошанд.
Имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ва инкишоф ёбанд, арзишҳои миллӣ ва муқаддасотро ҳифз намоянд. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ раҳнамои зиндагӣ барои ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар аст. Яке аз хусусиятҳои Паёми имсола дар он аст, ки бештари суханони Пешвои миллат ба рушди маориф ва соҳибмаърифатии ҷавонон, махсусан дар бахши забономӯзӣ ва андӯхтани донишҳои муосир равона гардидааст. Бинобар ин, Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамасола барои ҷавонон бояд 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шавад. Бо ин мақсад Пешвои миллат соли 2017–ро Соли ҷавонон эълон карданд. Насли ҷавон, ки бештари аҳолиро ташкил медиҳанд, давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидору тавоноии воқеии рушду пешрафти ҷомеа мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар чандин паёмҳои худ ба он ишора намудаанд, ин пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мебошад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва тундгароӣ «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгаро ва зӯроварӣ дар оила пурзӯр карда мешавад. Стратегияи мазкур тамоми паҳлӯҳои равандҳои асосии ифротгароиро, ки ба терроризм мебаранд, дар бар мегирад. Дар асоси он самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба муқобили ифротгароӣ ва тундгароӣ, ки баҳри ҳифзи сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудааст, муайян карда мешаванд. Тибқи ин Стратегия бояд таҳаммулгароӣ дар ҷомеа ташаккул ёфта, заминаи ҳуқуқӣ барои мубориза бо ифротгароӣ такмил дода шавад. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба проблемаи мазкур бесабаб нест. Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гаштаанд, ки Сурия, Ироқ ва Афғонистон гирифтори бозиҳои абарқудраҳои ҷаҳонӣ шуда, то имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми талоши худро барои барқарории сулҳ ва субот дар ин кишварҳо равона карда истодааст, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.
Пешвои миллат дар нишасти сарони кишварҳои СААД, ки дар Санкт — Петербург доир гардид, таъкид намуданд, ки ба масъалаи муҳимияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, зеро таҳдид ба амнияти миллии Тоҷикистон аз ҷониби ДИИШ маънои таҳдид ба ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро дорад. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳифзи ин марз тадбири муҳим дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошад.
Бинобар ин мо, ҷавонон вазифадорем худро ҳамчун намояндаи тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ ва таҳаммулпазирӣ муаррифӣ намоем.
Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
коршиноси масоили сиёсии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад
Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?
БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли сиёҳдона дар зимистон хавфи гирифторӣ ба зукомро коҳиш медиҳад
ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад






