Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд”

Январь 28, 2017 14:34

ДУШАНБЕ, 28.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.25 январи соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” ба имзо расид.
Лоиҳаи қарори мазкур дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 январи соли 2017 аз ҷониби аъзои Ҳукумат муҳокима ва тасдиқ гардид. Он аз 12 банд иборат буда, қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро муайян мекунад. Инчунин дар ин қарор муқаррароти умумӣ, навъу намудҳои раводид, номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ва раводиди электронӣ, муҳлати амали он, тартиб ва муҳлати баррасии дархостҳо, пардохти хироҷи консулӣ барои додани раводид ва асос барои рад кардани раводид, тасдиқи барасмиятдарорӣ ва додани тасдиқи даъват, тамдиди муҳлат, бекор ва барқарор кардани раводид, баҳисобгирии раводиди додашуда, ҷавобгарии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, нишон дода шудааст.
Мақсади қабули қоидаҳои зикршуда мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид, раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад, ки аз 1 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст.
Дар қоидаҳои нав ҳамчунин як қатор дигаргуниҳо ворид шудаанд, ки барои содда намудани раванди гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ равона шудааст. Аз ҷумла, дастрасӣ ба раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ содда карда шудааст. Илова бар ин, ҳайати сарнишинони ҳавоӣ, ки ба хазматрасонии ҳавопаймоҳо машғул мебошанд, метавонанд бидуни раводид дар асоси Эъломияи умумӣ мутобиқи талаботи ИКАО ворид ва хориҷ шаванд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ соддатар ва фасеҳ шудаанд.
Низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд боз як иқдоми муҳим ҷиҳати ба роҳ андохтани хизматрасониҳои давлатии электронӣ мебошад. Илова бар ин, дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми нав тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо якдигар пайваст шуда, низоми ягонаи идоракуниро ташкил медиҳанд. Низоми мазкур ба ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии таҳдидҳо, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин пурзӯр намудани назорати муҳоҷирати шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. Сатҳи хизматрасонии шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди шенгенӣ баробар мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 таъкид намуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд ва барои рушди минбаъдаи он шароити зарурӣ фароҳам меорад. Қоидаҳои тасдиқшуда ҷиҳати васеъ намудани доира ва низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии таҳияи раводиди электронӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар тамоми қаламрави кишвар равона карда шудааст. Раводиди электронӣ ин як намуди раводиде мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои ба расмиятдарории раводиди электронӣ шаҳрвандони 78 давлате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо бо таври содда додани раводидро муайян кардааст, метавонанд тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумотҳои дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди худро тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.
Шурӯъ аз 1 январи соли 2017 дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҷорӣ карда шуд.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо баҳри дастрас кардани раводид шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва барои тамдиди раводид ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Январь 28, 2017 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд