Бозии таҷрибавӣ: «Ҳосилот» — «Легионерҳо» 4:1
ДУШАНБЕ, 10.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар доираи омадагӣ ба бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дирӯз дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии пойтахт бозии таҷрибавии худро бо дастаи мунтахаби «Легионерҳо» барпо кард. Вохӯрӣ бо натиҷаи 4:1 ба нафъи дорандагони медалҳои нуқраи соли гузашта-«Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расид.
Дастаи мунтахаби «Легионерҳо»-ро бозингароне ташкил доданд, ки аз хориҷи кишвар дар ҳайатҳои дастаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба онҳо футболбозони дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки соли гузашта медалҳои биринҷиро соҳиб шуда буданд, кумак карданд. Дар натиҷа голҳои задаи легионерҳои «Ҳосилот»- Сайриддин Ғаффорови ӯзбекистонӣ, Гершон Акуффою Агблей Ҷонси ганагӣ ва Наврӯз Рустамов ғалабаи калонро ба «Ҳосилот» тақдим карданд.
Барои дастпарварони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ин сеюмин бозии таҷрибавӣ ба шумор меравад. Пештар «Ҳосилот» бо КМВА «Помир» (2:0) ва «Истиқлол» (2:2) бозӣ карда буд.
Ёдрас мешавем, ки «Ҳосилот» 31 январ дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО бо «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон қувва месанҷад. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо 7 феврал дар шаҳри Душанбе ҷараён хоҳад гирифт.
Бозии таҷрибавӣ
«Ҳосилот» «Легионерҳо» 4:1
Голҳоро ба нишон расониданд: Сайриддин Ғаффоров, 40 (1:0). Мисиам Иносент, 43 (1:1). Акуффо Гершон, 63 (2:1). Наврӯз Рустамов, 68 (3:1). Агблей Ҷонс, 75 (4:1).
«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев (Фатҳулло Бобоев, 46), Мӯсо Содиқ, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдусамад Хоҷибоев (Хайрулло Азизов, 46), Сайриддин Ғаффоров, Аккуфо Гершон, Агблей Ҷонс, Иброҳим Рабимов, Абдурасул Раҳмонов (Наврӯз Рустамов, 46).
Довари майдон: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






