Дубора фаъол гардидани расадхонаи байналмилалии «Санглох» дастоварди муҳими мардум ва илми тоҷик аст

Январь 12, 2017 15:07

АКАДЕМИЯИ ИЛМХО (1)ДУШАНБЕ, 12.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора ба фаъолият шурӯъ кардани расадхонаи байналмилалии «Санглох»  дастоварди муҳимтарини халқи тоҷик ва илми тоҷик маҳсуб мешавад»,- зикр кард Фарҳод Раҳимӣ, президенти АИҶТ зимни нишасти матбуотӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Расадхонаи байналмилалии «Санглох»  баъд аз 25 соли аз фаъолият боз монданаш соли 2016 аз нав ба кор шурӯъ кард. Имрӯзҳо телескопии қутраш якметрӣ, ки дар ин расадхона насб шудааст, фаъол аст .
«Мо аллакай дар давоми соли 2016 бо иштироки олимони шинохтаи Россия ва  Арманистон якчанд экспедитсияҳои миллӣ ва  байналмилалӣ баргузор кардем ва аз натиҷаҳои бадастомада се мақолаи илмӣ ва як мақолаи илмӣ-оммавӣ ба чоп расонидем. Фикр мекунам, ин расадхона ифтихори миллати тоҷик, илми тоҷик ва муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад»,-гуфт президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Тавассути расадхонаи байналмилалии «Санглох»  ва телескопи он олимон қаъри коинотро дида, тавассути амалӣ намудани мавзӯъҳои илмӣ- тадқиқотие, ки ин дастгоҳ барои омӯзиши онҳо истифода мешавад, корҳои назаррас ба анҷом расониданд»,-иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.

Январь 12, 2017 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд