Дубора фаъол гардидани расадхонаи байналмилалии «Санглох» дастоварди муҳими мардум ва илми тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 12.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора ба фаъолият шурӯъ кардани расадхонаи байналмилалии «Санглох» дастоварди муҳимтарини халқи тоҷик ва илми тоҷик маҳсуб мешавад»,- зикр кард Фарҳод Раҳимӣ, президенти АИҶТ зимни нишасти матбуотӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Расадхонаи байналмилалии «Санглох» баъд аз 25 соли аз фаъолият боз монданаш соли 2016 аз нав ба кор шурӯъ кард. Имрӯзҳо телескопии қутраш якметрӣ, ки дар ин расадхона насб шудааст, фаъол аст .
«Мо аллакай дар давоми соли 2016 бо иштироки олимони шинохтаи Россия ва Арманистон якчанд экспедитсияҳои миллӣ ва байналмилалӣ баргузор кардем ва аз натиҷаҳои бадастомада се мақолаи илмӣ ва як мақолаи илмӣ-оммавӣ ба чоп расонидем. Фикр мекунам, ин расадхона ифтихори миллати тоҷик, илми тоҷик ва муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад»,-гуфт президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Тавассути расадхонаи байналмилалии «Санглох» ва телескопи он олимон қаъри коинотро дида, тавассути амалӣ намудани мавзӯъҳои илмӣ- тадқиқотие, ки ин дастгоҳ барои омӯзиши онҳо истифода мешавад, корҳои назаррас ба анҷом расониданд»,-иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






