Хоруғ: Тавсеаи барномаи тибби фосилавӣ талаботи замон аст
ХОРУҒ, 24. 01. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ ба мақсади роҳандозии тибби фосилавӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Насрингул Некушоева гуфт, ки дар замони муосир баъди ҳар соат дар соҳаи тандурустӣ тарзу усулҳои нави ташхису табобат ба вуҷуд меоянд ва мо бояд ҳамаи имконоти молию зеҳниро ба кор барем, то аз ҳамкасбони хориҷии худ қафо намонем.
«Яке аз ҳадафҳои барномаи тибби фосилавӣ- ин боло бурдани хизмати тиббӣ, сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофӣ мебошад. Дар марҳилаи аввал беморхонаҳои ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз ва Рӯшон ба беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ тавассути шабакаи интернет пайваст шуданд. Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ ба Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ иртибот пайдо кард. Акнун ба табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаҳои ноҳияҳои мазкур шарт нест, ки барои омӯзиш ба шаҳрҳои Хоруғ ва ё Душанбе сафар намоянд. Онҳо имкон доранд тавассути интернет аз мутахассисони варзидаи риштаи тиб машварат гиранд»,-иброз дошт сардори Раёсати тандурустии вилоят.
Ба гуфтаи Насрингул Некушоева, бартарии ин усули табобат боз дар он аст, ки аксҳои компютерии томографӣ ва маммографӣ дар фурсати кӯтоҳ ба маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ ба воситаи интернет фиристода мешаванд ва ҷавобашонро мегиранд. Чанд сол пеш барои анҷоми ин кор вақти зиёд сарф мешуд.
Соли гузашта дар вилоят 80 давраи омӯзиши фосилавӣ бо ҷалби беш аз ҳазор нафар табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ баргузор гардид.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






