Идигул Қосимзода: «Либоси миллӣ ба занони тоҷик мезебад»

Январь 27, 2017 17:56

ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Либоси миллӣ ба занони тоҷик хеле мезебад. Ин нуктаро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Бино ба гуфтаи Идигул Қосимзода, дар вилояти Бадахшон занону духтарон либосҳои сирф миллӣ пӯшида, ба омӯзиш диққати бештар медиҳанд.
«Занону духтарони ин минтақа либосҳои ғайрро ба бар намекунанд ва доимо истиқлолияти Тоҷикистонро васф мекунанд. Ҳангоми суҳбату мулоқотҳо мо ба занон мефаҳмонем, ки онҳо бояд тақлид ба модару бибиҳо кунанд, на ба бегонагон»,-илова намуд раиси кумита.
Бо мақсади ташвиқи пӯшидани либосҳои миллӣ, хусусан чакан, атласу адрас ва тарзи дӯхти либосҳои миллӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила соли 2016 дар ҷумҳурӣ якчанд фестивалҳои ҷумҳуриявии либоси миллӣ гузаронида шуданд.

Январь 27, 2017 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд