Муҳаммадраҳим Юсуфӣ: «Дар ноҳияи Рӯдакӣ барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барзиёд иҷро шуд»
ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» аз ҳисоби маблағҳои худӣ то соли 2020» дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамасола бояд дар майдони 46 гектарӣ, ҷамъ 230 гектар боғу токзор бунёд карда шавад. Хушбахтона, соли 2016 бо дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони деҳоти Султонобод, Чортеппа, Сарикиштӣ, Роҳатӣ ва Қиблаӣ дар майдони 163,8 гектар боғу токзор бунёд намуданд, ки нисбат ба барнома 117,8 гектар зиёд мебошад. Дар ин бора Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ибрози ақида намуд.
Ба маълумоти Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, бунёди боғ, ки оғозаш бо супориши Президенти кишвар дар ҷараёни сафарашон ба деҳаи Баракати деҳоти Султонобод суръат гирифта буд, хуб ҷараён дошта, дар навбати аввал ба 42 нафар сокинони деҳоти Султонобод 44 гектар ва 17 гектари дигар ба соҳибкорон замин ҷудо гардид. То 31 декабри соли 2015 дар майдони 53 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд.
Тавре мутахассисони соҳа иброз доштанд, дар ду соли охир дар ноҳия 358 гектар боғу токзор бунёд гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






