Мулоқот бо Низорамоҳ Зарипова ва муаррифии китоби «Соҳиббиҳишт» дар шаҳри Ваҳдат

Январь 12, 2017 15:20

ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 вохӯрии ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ Низорамоҳ Зарипова бо ҷавонон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур Низорамоҳ Зарипова доир ба ватандӯстӣ сухан гуфта, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ватани худро ҳифз намуда, аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ китоби «Соҳиббиҳишт»- и Латофат Кенҷаева, ки ба ҳаёту зиндагии Низорамоҳ Зарифова бахшида шудааст, муаррифӣ гардид.
Баргузории чунин вохӯриҳо бо ҷавонон дар Соли ҷавонон басо рамзӣ буда, дар назар аст, ки он минбаъд низ идома ёбад.

Январь 12, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд