Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер
ДУШАНБЕ, 18.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давоми 23 соли шарикӣ Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок ҳамкории манфиатбор ба роҳ монда, дар ин муддат қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмакҳои техникии зиёд пешниҳод намудааст.
Аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки дар айни замон лоиҳаҳои фаъоли Бонк ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи босамари Стратегияи панҷсолаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки пеш аз ҳама самтҳои рушди бахши хусусӣ, иҷтимоӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавиро дар бар мегирад табодули афкор карда, таҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаҳои пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистонро низ дар доираи ин Стратегия муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷиҳати идомаи бобарори ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқии обии Норак ва дарёфти маблағҳои иловагӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамзамон рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории самарабахш дар татбиқи барномаю стратегияҳои рушди миллии Тоҷикистон ва мусоидат ба пешгирии шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.












Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






