Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар

Январь 13, 2017 19:00
13.01.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки медонед, дар кишвари мо соҳаи энергетика сол аз  сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард.

Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем.

Бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта,  хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд.

Ба шарофати бунёди хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи энергетика низоми ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.

Танҳо соли гузашта ман аз ҳашт иншооти муҳимми энергетикии кишвар боздид намуда, дар маросими ба фаъолият оғоз кардани дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 500 – киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии «Норак», оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 ва оғози лоиҳаи таҷдиди  нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» иштирок намудам.

Соли гузашта навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд, ки дар самти амалӣ гардидани нақшаҳои афзалиятноки энергетикии кишвар рӯйдоди хеле муҳим ба шумор меравад.

Айни замон, бо дарназардошти фаъолияти самараноки маркази зикршуда бо иқтидори 400 мегаватт ва бо пайвастшавии иқтидорҳои иловагии энергетикӣ, инчунин, кифоя будани захираи об дар обанборҳои кишвар мо имкон пайдо кардем, ки бе ворид намудани нерӯи барқ аз хориҷа соли ҷорӣ таъминоти барқро хеле беҳтар гардонем. То имрӯз таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар як шабонарӯз 18 соатро ташкил медод.

Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ — 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд.

Бардошта шудани маҳдудият имкон медиҳад, ки ташвишу ногувориҳои зиндагии ҳамватанонамон камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо шавад.

Вобаста ба ин, ман аз кулли ҳамватанони азиз ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоям, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.

Зеро сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, дар айни замон кафолат медиҳад, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ ва шабакаҳои интиқоли барқ дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, фаъолияти муназзаму  боэътимоди онҳо таъмин карда шавад.

Январь 13, 2017 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд