Мурод Ҷумъазода: «Саридораи геология ба буҷет беш аз 7 миллион сомонӣ андоз супорид»
ДУШАНБЕ, 10.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригардида ба буҷети кишвар беш аз 7 миллион сомонӣ андоз супоридааст, ки ин 62 фоизи маблағҳои аз буҷаи давлатӣ барои иҷрои корҳои иктишофӣ ҷудошударо ташкил медиҳад»,-гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки мутахассисону кормандони Саридораи геологияи кишвар дар соли 2016 фаъолияти худро дар партави дастур ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯи 37 лоиҳа ба маблағи 13 миллион сомонӣ, корҳои шартномавиро аз рӯи 144 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 12 миллион сомонӣ ва корҳои пудратиро ба маблағи зиёда аз 440 ҳазор сомонӣ иҷро намудаанд.
Мурод Ҷумъазода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Саридораи геологияи назди Хукумати ҷумҳурӣ дар зарфи соли 2016 зикр кард, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби корхонаҳои воҳидии Саридора наздик ба 8 ҳазор метр чоҳҳо парма карда шудаанд, ки аз ин беш аз 2 ҳазор метр бо усули роторӣ, наздик ба 4 ҳазор метр бо усули колонковӣ ва боқимонда бо усулҳои зарбазанӣ-танобӣ ва нақбканӣ анҷом дода шуданд. Ҳамзамон дар соли гузашта барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ аз буҷа маблағ ҷудо гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






