Питер Буриан: Иттиҳоди Аврупо дар оянда ҳам барои тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад
ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо дар оянда ҳам барои тақвияти соҳаи маориф ва илм, тандурустиву кишоварзӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда, инчунин дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҳамкориро идома медиҳад. Ин матлабро имрӯз ба хабарнигорон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, зикр намуд, ки зимни вохӯрӣ равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ, амният ва мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар 9 моҳи соли 2016 ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 225,753.4 доллари ИМА-ро ташкил кард, ки аз он 122,442.8 миллион доллари ИМА ба содирот ва 103,310.6 доллар ба воридот рост омад.








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






