Шаҳри Душанбе макони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2018 интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шаҳри Душанберо ҳамчун макони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии бонувон тасдиқ кард. Фаластин, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам низ ба ҳайси мизбони бозиҳои интихобӣ пазируфта шуданд. Дар ин бора « the-afc.com» хабар медиҳад.
Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона 21 январ дар Салтанати Уммон баргузор мешавад. Тавре пештар иттилоъ дода будем, дар мусобиқа ба ҷуз аз футболбоздухтарони тоҷик, инчунин дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Урдун, Мянмар, Тайван, Ӯзбекистон, Филиппин, Гонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, Кореяи Шимолӣ, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат меварзанд.
Дастаи мунтахаби занонаи Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 дар бозиҳои интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ чор гурӯҳ, ки сетоаш аз панҷдастаӣ ва яктоаш аз шаш даста иборат мебошад, таъсис хоҳад ёфт. Вохӯриҳои интихобӣ аз 3 то 12 апрел гузаронида мешаванд.
Ғолибони чор гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз мизбони бозиҳои ниҳоӣ- Урдун, се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар соли 2014 -Ҷопон, Австралия ва Чин мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ дода шудаанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






