Шабакаҳои обрасонии шаҳрҳои шимолӣ ва марказии Тоҷикистон бо маблағгузории БАТР барқарор мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» ба маблағи умумии беш аз 22 миллион доллар босуръат идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигорон директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Исломзода Алимурод Тағоймурод 12 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур, ки татбиқи он аз соли 2012 оғоз шудааст, аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ маблағгузорӣ гардида, 10 миллион доллари он қарз мебошад. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» дар соли 2017 ба анҷом расонида шавад.
Лоиҳаи мазкур барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳру навоҳии Бӯстон, Б.Ғафуров, Исфара, Гулистон, Қайроққум, Истиқлол ва инчунин шаҳри Хоруғро дар бар мегирад. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа беш аз 20 намуди корҳои барқарорсозӣ ва харидорӣ муайян гардидаанд.
Ҳамзамон лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон», ки дар ҳаҷми 18 миллион доллар аз ҷониби БАТР маблағгузорӣ мегардад, босуръат идома дошта, соли 2017 ба анҷом расонида мешавад. Дар доираи ин лоиҳа шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон, назири Ҳисор, Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ барқарор мегарданд.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи барқарорсозии низоми обтаъминкунии шаҳрҳои шимолӣ ва Хатлони Тоҷикистон, ки ба он шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Зафаробод, Истаравшан, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон шомиланд, ба маблағи 27,5 миллион доллар то соли 2019 ба анҷом расонида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






