Шарҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба изҳороти мансабдорони афғон

Январь 12, 2017 11:21

ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Афғонистон дар Федератсияи Россия Абдулқаюми Кучай, ки дар он ӯ аз ҷумла, вазъи минтақаи Осиёи Марказиро арзёбӣ карда, дар ҳаққи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони ғайри қобили қабул гуфтааст, шинос гардид. Дар робита ба ин 31 декабри соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуд. Ба ӯ ёддошти эътирозӣ, ки дар он нигаронии шадид ва тааҷҷуби ҷониби Тоҷикистон дар иртибот ба гузориши таҳқиромези Сафири Афғонистон дар Россия нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон баён гардидааст, супурда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон қотеъона тавсия дод, то суханони номатлуб, ки аз ҷониби шахси расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон садо додаанд, ҳамаҷониба таҳлил гарданд ва тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ҳамчунин тавзеҳоти мушаххас талаб карда шуд.
Вокуниши Ҳукумати Афғонистон, ки гӯё суханони таҳқиромези Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Федератсияи Россия андешаи шахсии ӯ мебошад ва ба мавқеи Кобул дахл надоранд, низ боиси таассуф аст.
Ҳамчунин ба таври ҷудогона вазорат суханони волии собиқи музофоти Қундуз Умари Сӯфиро шарҳ додааст, ки гуфта буд: «Танк ва дигар техникаи ҳарбии ҳаракати радикалии «Толибон» дар қаламрави Тоҷикистон тармим мешаванд».
Боиси нигаронӣ аст, ки собиқ мансабдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чунин фикри беасосро изҳор доштааст. Метавон андешид, ки волии собиқ дар мавриди силоҳҳои вазнин, аз ҷумла танкҳо, ки ба Тоҷикистон овардани онҳо аз назар дур намемонд, тасаввурот надорад. Вале худи Умари Суфӣ хуб огоҳ аст, ки чунин амал ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз гузориши бемантиқи ҷаноби Сӯфиро метавон ҳамчун дасисае барои тасвири манфии Тоҷикистон дар ҷомеаи Афғонистон унвон кард.

Ба ҷои таҳлили амиқи мушкилоте, ки Афғонистон аз сари худ мегузаронад, омилҳои таъсиромез ба вазъият дар ин кишвар ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин мушкилот, намояндагони расмии Кобул масири номуайянеро пеша кардаанд. Чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунад.

Январь 12, 2017 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид