Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишкадаи энергетикии Москва ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассиса таҳсил менамоянд, мулоқот намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар мулоқот бо роҳбарияти донишкада масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Сафорат зимни мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маълумот суҳбат намуданд.
Бо ишора ба Паём иброз гардид, ки дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуд, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат 7 миллиард киловатт — соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт — соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти тақдирсоз, омили боз ҳам баланд гардидани сатхи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мебошад. Оғози фаъолияти нерӯгоҳ муҳимтарин рӯйдоди таърихи давлатдории мардуми тоҷик аст ва он дар солномаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи Тоҷикистонро ба неруи барқ пурра қонеъ намуда, ба рушди иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ҳамчунин дар мулоқот иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Ҳадафи ин барнома таъминоти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ бо энергияи барқӣ аз ҳисоби иқтидори истеҳсолии худӣ ва ба ин васила ноил гардидан ба амнияти энергетикӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашвандаи амнияти миллии мамлакат мебошад.
Намояндагони Сафорат ба донишҷӯёни тоҷик доир ба омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.
Изҳор гардид, ки амнияти миллӣ омили асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб мешавад. Татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ имкон медиҳад, ки соли 2026 ба марҳилаи нави амалисозии ормонҳои миллӣ, густариши корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии мардум табдил ёфта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои шоиста истиқбол карда шавад.
Дар идома намояндагони Сафорат ба донишҷуёни тоҷик иброз доштанд, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии хосса аст ва онҳо бояд аз шароити дар донишгоҳҳо фароҳамшуда бамаврид истифода намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






