Ширкати намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамоиши Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон конфронси минтақавии машваратӣ оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии коҳиши хатари офатҳо, ки Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар якҷо бо Маркази ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Алмаато ташкил карда буд, баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари миллӣ, ташкилоти давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳимояи шаҳрвандӣ, раёсати амалҳо ҳангоми офатҳо, ҳолатҳои фавқулода, умури хориҷӣ, хадамоти гумрук, сарҳад, ҳамчунин намояндагони СММ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ташкилотҳои маблағгузор ва минтақавӣ иштирок карданд.
Дар конфронс ширкаткунандагон масъалаҳои такмили фазои ҳуқуқӣ дар самти идораи амалҳо ҳангоми офатҳо ва вокуниш, ҳамчунин тавсеаи идораи мубориза бо офатҳо ва коҳиши хатари офатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Конфронс дар доираи лоиҳаи олмонии Салиби Сурх «ДИПЕКО IX: Ба ҳам овардан ва таҳкими фаъолиятҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Директорати кулли Комиссияи аврупоӣ оид ба кумакҳои башарӣ ва ҳимояи шаҳрвандӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии Ҷамъмяти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Австрия ва панҷ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мекунанд, доир гардид»,- итилоъ доданд аз Кумита.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






