«Шоҳин Асмоӣ» ба Душанбе омад

Январь 26, 2017 10:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Шоҳин Асмоӣ», чемпиони Афғонистон оид ба футбол барои баргузор кардани вохӯрии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияии футболи Осиё бо дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дирӯз ба Душанбе омад. Сармураббии даста Боир Эгамбердиеви тоҷикистонӣ 18 бозингарро бо худ оаврдааст. Сабаби барвақт ба Душанбе омадани даста шинос шудану одат кардан ва тайёрӣ дидан ба бозии нахустини дастаҳо маънидод мешавад.
Чемпионҳои секаратаи Афғонистон дар меҳмонхонаи «Пойтахт» ҷойгир шуда, машқҳои аввали худро имрӯз баргузор менамоянд.
Чемпиони Афғонистон то ба Душанбе омадан дар ду бозии санҷишӣ тавонистааст ҳарифони худро шикаст дода, бозии хуб нишон диҳад.
Бозии рафти дастаҳои «Шоҳин Асмоӣ» бо «Ҳосилот»-и Фархор 31 январ, соати 15:30 дар Варзишгоҳи марказӣ гузаронида мешавад. Бозии ҷавобии дастаҳо тибқи тақвим 7 феврал, соати 17:00 дар ҳамин варзишгоҳ доир мегардад.
Мухлисон метавонанд барои тамошо билетҳоро аз хазинаи Варзишгоҳ бо нархи 10 сомонӣ харидорӣ кунанд.

Январь 26, 2017 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад