«Шоҳин Асмоӣ» бозии хонагии худро бо «Ҳосилот» дар Душанбе мегузаронад
ДУШАНБЕ, 12.01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Шоҳин Асмоӣ» -чемпиони Афғонистон бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё(КФО)-ро бо барандаи медалҳои нуқраи Тоҷикистон, дастаи «Ҳосилот»-и Фархор 31 январ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳайси мизбон барпо мекунад.
Федератсияи футболи Афғонистон, чун Сурия ва Ироқ аз сабаби ташаннуҷ ва далоили амниятӣ бозиҳои байналмилалиро берун аз кишвараш доир мекунад. Соли гузашта дастаи мунтахаби Афғонистон бозиҳои инихобии Ҷоми ҷаҳон-2018-ро дар Эрон гузаронида буд.
КФО доварони ҳар ду бозиро муайян кард. 31 январ бозии аввали «Шоҳин Асмоӣ» ва «Ҳосилот»-ро Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон бо ёваронаш Лим Кок Хенг (Сингапур), Муҳаммад Шаҳринбин Че Умар(Малайзия) ва Муҳаммад Ҷавиз (Малдив, довари эҳтиётӣ) ҳакамӣ мекунанд. Нозири доварон Викраматунга Саманаратхна Мухандирамг Нимал аз Шри-Ланка ва комиссари вохӯрӣ, Саид Алмасрӣ аз Сурия таъйин шудаанд.
Тавре пештар хабар дода будем, доварони бозии ҷавобии ин дастаҳо низ муайян шудаанд. Онро Моуд Бунёдифард бо кумакгаронаш Саид Алинажодиён ва Алӣ Мирзобейгӣ ва Ҳайдари Паём (довари эҳтиётӣ) аз Эрон доварӣ мекунанд. Аҳмад Яъқуб Муҳаммад Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Жаргал Суҳбаатар аз Муғулистон комиссари бозӣ таъйин шудаанд.
Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21 феврал ва бозии ҷавобӣ 28 феврал барпо мегарданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






