Тамринҳои «Истиқлол» дар Туркия ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлол» давраи омодагии худро дар шаҳри Анталияи Туркия бо баргузор кардани вохӯрии охирин бо дастаи «Енисей»-и Россия ба анҷом расонд. Тавре сомонаи «Истиқлол» хабар дод, дастаи «Енисей», ки дар дивизиони якуми Россия бозӣ мекунад, дар ин вохӯрӣ бо натиҷаи 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Артур Саркисов (24-ум дақиқа) ва Андрей Козлов (78) ба ҳадаф расонданд.
Ба ҳамин тартиб «Истиқлол» таҳти роҳбарии сармураббии нави худ -Мӯҳсин Муҳаммадиев дар чор вохӯрии санҷишӣ ба мағлубият дучор шуд. «Интер»-и Озарбойҷон (3:1), «Қайсар»-и Қазоқистон (1:0) ва «Пандурия»-и Руминия (1:0) пештар бо дастаи «Истиқлол» бозии санҷишӣ доир карданд.
Идомаи тайёриро ба мавсими нав «Истиқлол» дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) — «Енисей» (Красноярск, Россия)
Муаллифи голҳо: Артур Саркисов, 24 (0:1). Андрей Козлов, 78 (0:2).
«Истиқлол»: Никола Стошич, Артем Барановский (Фаридун Шарифов, 87), Дэвид Мавутор (Соҳиб Саванқулов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммад Ҳасан (Дилшод Восиев, 79), Амирбек Ҷӯрабоев (Эҳсони Панҷшанбе, 72), Ристо Ристович (Сиёвуш Асроров, 75), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов.
«Енисей» (Россия): Прекович, Чичерин, Цуканов, Кичин, Алиев, Камеш, Семакин, Рожков, Комков, Козлов, Саркисов.
Довари майдон: Артур Тавакалян (Арманистон).
Огоҳӣ гирифтанд: Ристо Ристович, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Михаил Конков, Андрей Козлов («Енисей»).
Аз майдон ронда шуд (бо ивазшавӣ): Дэвид Мавутор («Истиқлол»), 84 2-юм корти зард.








Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад






