Телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноятро қабул кардааст
ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2016 ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ташкил шудааст, 2 ҳазору 429 шаҳрванд муроҷиат намудаанд. Аз ин 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 1 ҳазору 400 муроҷиат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд. Дар ин бора аз ВКД хабар доданд.
Дар ин муддат ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 1 ҳазору 381 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ 61 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд 623 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 312 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт 12 нафар ва ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 40 нафар муроҷиат намудаанд.
«Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум бо роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз чор сол аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақаю ноҳияи Рашт (22121) фаъолият доранд», -хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






