Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба Душанбе омад

Февраль 27, 2017 12:21

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар, генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, меҳмонони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ба гуфтаи манбаъ, сафари ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар доираи сафари кории Президенти ин кишвар Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Февраль 27, 2017 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа