Баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар

Февраль 7, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи соли равон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар дар «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе 8 вохўрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар вохӯриҳо масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуданд.
Дар айни замон Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе бо якчанд муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои касб омӯхтан ба муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзиши забони русӣ, фарҳанг, таърих ва қонунгузории давлатҳои қабулкунанда шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Аз ҷумла, бо КВД «Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе», Филиали КВД «Маркази таълимӣ», Филиали КВД «Маркази касбомӯзӣ», МД «Маркази калонсолони Тоҷикистон» ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе чунин шартномаҳо баста шуданд.
Бояд гуфт, ки бо мусоидати МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ба марказҳои таълимии вазорат барои омӯхтани касб ва забони русӣ чанд нафар шаҳрвандони мамлакат равона карда шуданд.

Февраль 7, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид