Баррасии рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузорӣ

Февраль 20, 2017 14:55

ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) таҳти роҳбарии Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Холид ал-Абудӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба вохӯрии судманд анҷом дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусиро бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, аз натиҷаҳои ноилшуда дар таҳияи санадҳо барои татбиқи минбаъдаи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, гидроэнергетика, низоми бонкӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ, рушди амалиёт бо қоғазҳои қиматноки исломӣ (сукук), рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ ҷаноби Холид ал-Абудӣ ҷиҳати тавсеа додани ҳамкорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна тавассути таъсиси фондҳои маблағгузорӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.

Февраль 20, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид