Бори нахуст дар даврони истиқлолият бонуи тоҷик Раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуи тоҷик ба ҳайси раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин росто 16 феврал аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоб намудани Мавлуда Қаландарзода ризоият доданд.
Мавлуда Қаландарзода то интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон фаъолият мекард. Мавсуф 52 сол дошта, соли 1965 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Мавлуда Қаландарзода дастпарвари факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз моҳи октябри соли 1986 дар суди шаҳри Хуҷанд ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ фаъолияти кориашро оғоз намуда, соли 1989 сардори шуъбаи умумии суди мазкур, аз соли 1993 дар Раёсати адлияи вилояти Суғд ба тариқи гузариш ба вазифаи мушовири калон, аз соли 1994 муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз соли 1998 дар вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз соли 2000 судяи суди шаҳри Хуҷанд, аз соли 2004 судяи суди вилояти Суғд ва аз 8 декабри соли 2010 дар вазифаи муовини раис, Котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
1 марти соли 2015 дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






