Брифинг бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Вашингтон
ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврали соли 2017 дар Бонки ҷаҳонӣ бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018-2028) бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ва дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ брифинг баргузор гардид.
Дар брифинг Сафири Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим, Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Вернер Грубер, Сардори Дафтари Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти об Рагини Далал сухан гуфта, оид ба нақши Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) дар таъмини рушди устувор маълумот доданд.
Дар брифинг Сафир ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои об махсус зикр кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






