Дар Душанбе ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ маросими ҷоизасупорӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ«Ховар»/. 22 феврали соли равон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон — 2016 доир мегардад. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин иқдом бо мақсади мусоидат ба рушди устувори соҳаи туризм, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҳавасманд гардонидани субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ, мутахассисони соҳа, меҳмонхона ва иншооти хизматрасонӣ, ки дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат саҳм мегузоранд, роҳандозӣ шудааст.
«Андешидани тадбирҳои судманд баҳри ҳарчи бештару беҳтар тарғибу ташвиқи иқтидору захираҳои туристии Тоҷикистон, ҷалб намудани ҷавонон ба соҳаи туризм ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо дар макотиби сатҳи олӣ, масъалаҳои қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба туристони хориҷӣ яке аз ҳадафҳои аслии барнома маҳсуб мешавад»,- хабар доданд аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






