Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон «Навои муҳаббат» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев озмуни «Навои муҳаббат» ҷамъбаст мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, озмуни «Навои муҳаббат» моҳе қабл оғоз гардида, дар он 25 нафар ҳофизони шинохтаи кишвар иштирок доштанд. Мухлисону ҳаводорон тариқи овоздиҳӣ бо смс-паёмакҳо 10 нафар беҳтаринро муайян намуданд. Имрӯз ғолибон бо барномаи рангини консертӣ хотири тамошобинонро болида хоҳанд кард.
Озмун бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва роҳбарии продюссер Гулафзои Тамкин ташкил карда шудааст.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






