Дар Хуҷанд намоиш- фурӯши ниҳолҳо доир гардид

Февраль 27, 2017 12:25

ХУҶАНД, 27.02.2016. /АМИТ «Ховар»/.    25 феврал дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳол ва дигар зироати кишоварзӣ баргузор гашт. Намоиш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор, ҳамзамон такон бахшидан ба маъракаи сабзазоркунию ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд баҳри бунёди боғу токзори нав  доир гашт.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни иштирок бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯш шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намуд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»    дар намоиш  хоҷагидорону кишоварзони 12 шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ машғуланд, ширкат намуда, зиёда аз 800 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, ток ва гулу гулбуттаҳо, инчунин наздик ба 4 000 тонна тухмиҳои сабзавоту гулҳоро пешкаши харидорон гардониданд. Ҳамзамон аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироат нуқтаҳои маслиҳатӣ низ ташкил шуданд.

Дар намоиш меҳмонон аз 3 хоҷагии ниҳолпарвари ноҳияҳои ҳамсарҳади ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон иштирок намуда, баҳри иштирокдорону харидорон беш аз 2600 бех дарахтони сояафкану ороишӣ пешкаш намуданд.

Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чунин намоиш-фурӯши ниҳолҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то  25 март идома меёбад.

Февраль 27, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа