Дар ноҳияи Рӯдакӣ фарҳанги либоспӯшии ҷавононро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоти намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 150 нафар ҷавонони касбу кори гуногун доир гардид. Давлаталӣ Суфизода, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Соли ҷавонон ин насли ояндасозро ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намуд.
«Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои худ доимо таъкид менамоянд, ки ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии ҳар як сокини кишвари мо, махсусан ҷавонон аз эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллӣ, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти моро фарогиранд, сарчашма мегирад. Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги ғайр майл намудани баъзе аз занону духтарони кишвар ва ташвиқи либосҳои бегона миёни бонувону ҷавонон авҷ гирифтааст. Ин гуна бегонапарастӣ мавқеи арзишҳои миллӣ ва либоси миллиро коста гардонида, ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ мерасонад»,-иброз дошт Давлаталӣ Суфизода.
Мулоқоти мазкур бо мақсади рушду инкишофи анъанаҳои миллӣ, расму оин, арзишҳои фарҳангию аҷдодӣ ва муаррифии симои миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ байни миллатҳои гуногун доир гардид.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






