Дар Рашт бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар минтақаи мазкур, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати мазкур хабар доданд, Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода тамоми кормандони Дастаи таъйиноти махсус, кормандони милитсия ва хизматчиёни ҳарбиро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуд.
Сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт Рустам Шафизода зикр кард, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осоиштагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро намуда, афсарону сарбозон бо дарки баланди масъулияти касбӣ барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузоранд, омода мебошанд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби сардори РВКД дар минтақаи Рашт полковники милитсия Рустам Шафизода як гурӯҳ кормандоне, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, бо медалу ифтихорномахо сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






