Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ семинар доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал бо ташаббуси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ семинари омӯзишӣ доир шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, семинар бо мақсади риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва дастурамали коргузорӣ роҳандозӣ гардид.
Дар семинари омӯзишӣ кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳр иштирок намуда, масъулин роҷеъ ба аҳамият, нақш, вазифа, моҳияти забон ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






