Дар шаҳри Норак оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ сухан гуфтанд
Норак, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ» ҷамъомад доир кард. Дар он сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Исмоил Шерхонов, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳр Тоҷиддин Шарифзода, мудирону мутахассисони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва наврасону ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Дӯконию Пули Сангин иштирок карданд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад масъулин роҷеъ ба нақши наврасону ҷавонон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои онҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ҷавонон, омилҳои даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон сухан гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






