Дар Тоҷикистон дар бораи бехатарии сейсмикӣ қонуни нав қабул мегардад
ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи бехатарии сейсмикиро қабул хоҳад кард. Лоиҳаи қонуни мазкур 13 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.
«Ҳадафи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аст»,- мегӯяд Садриддин Шарифов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷурахон Маҷидзода таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқию ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии хатар, сохтмони бино ва иншооти ба зилзила тобовар, огоҳкунии пешакии аҳолиро бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда ба танзим медарорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






