Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта мешавад

Февраль 13, 2017 17:39

ДУШАНБЕ, 13.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо Директори генералии департаменти робитаҳои байналхалқии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ Чен Бо мулоқот баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи туризм баррасӣ шуд. Парвиз Давлатзода дар бораи имкониятҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳайати роҳбарият ва коршиносони Федератсияи мазкурро ба Тоҷикистон барои шурӯъ кардани ҳамкорӣ даъват намуд. Сафир таъкид кард, ки дар солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти сатҳи олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидани соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои шоиста анҷом дода шуда, дар ҳамин замина нишондиҳандаҳои рушди соҳа батадриҷ боло рафтаанд.

Чен Бо ин пешниҳодро хуш пазироӣ карда, изҳор намуд, ки Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ барои гузоштани саҳм ба соҳаи туризм, аз ҷумла дар самти рушди инфрасохтори соҳаи туризми Тоҷикистон омода аст. Ғайр аз ин ӯ пешниҳод кард, ки шаҳри Душанбе ба Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ шомил шавад.

Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар соҳаи туризми ҷаҳонӣ дорои мақоми баланда буда, дар шароити ҳозира 110 шаҳри ҷаҳон аъзои ин Федератсия мебошанд.

Февраль 13, 2017 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид