ФФТ соҳиби дипломи ҷоизадорони ҳамоиши нобелӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) соҳиби дипломи ҷоизадорони ҳамоиши нобелӣ гардид. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
Ба иттилои расона, лоиҳаи барномаи «Футбол ба назди шумо меояд»-и ФФТ барои беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ барои ҷавонон дар сулҳпарварӣ, дар ҳамоиши 16-уми ҷоизадорони нобелӣ, ки аз 2 то 5 феврал дар пойтахти Колумбия- шаҳри Багота баргузор гардид, ба ин диплом сарфароз шуд.
Лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» аз соли 2013 инҷониб фаъолият карда, мақсадаш фарогирии ҳарчи бештари кӯдакону наврасони кӯчаву маҳаллаҳо ба футбол маънидод мешавад. Соли чорум аст, ки ин барнома ба ҳадафи худ расида, беш аз 300 дастаи футболро ба ҳам овардааст
Лоиҳаи мазкур як сол қабл барандаи ҷоизаи байналмилалии ташкилоти ««Peace and Sport»-и шоҳигарии Монако гардида буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






