Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе новобаста аз вазъи ҳаво дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 03.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз номусоидии боду ҳаво ва боридани барфи бошиддат дар қаламрави ҷумҳурӣ Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тибқи реҷаи корӣ дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Ҷамила Ҳусейнова иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки дар як шабонарӯз тавассути «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳудуди 12 парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои гуногун сурат мегиранд, танҳо 3 феврал парвози панҷ ҳавопаймо аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба хатсайрҳои Душанбе- Москва ва Душанбе Алмаато ҷараён гирифт.
Мавсуф афзуд, ки дар чунин вазъи номусоиди ҳаво тамоми сардорони хадамоти фурудгоҳ дар асоси супориши роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то 6 феврал ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузаштаанд. Алҳол техникаи рӯизаминии хадамоти хизматрасонии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ҳолати омодабош қарор дошта, хати парвози фурудгоҳ аз барф тавассути техникаи махсус тоза карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки 30 январ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки Вазорати нақлиёт парвози ҳавопаймоҳоро дар хатсайри «Душанбе-Хуҷанд» бинобар фаромадани тарма дар бархе аз қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ афзоиш медиҳад.
Ҳавошиносони кишвар аз номусоидии боду ҳаво, боридани барфи шиддатнок, паст фаромадани ҳарорати ҳаво ва дар паи он фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар иттилоъ медиҳанд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ронандагони воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандонро огоҳ месозанд, ки дар ин шабу рӯз аз сафар ба минтақаҳои дурдасти кишвар, ки хавфи фаромадани тарма пешгӯӣ шудааст, худдорӣ намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






