Хуррамгардонии шаҳри Душанбе-рисолати сокинони пойтахт!

Февраль 20, 2017 16:42

ДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбеи гузашта дар шаҳраки 46-и пойтахт бо иштироки бошандагони хобгоҳҳои донишҷӯён ҳашари тозагии ҷавонон гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шахри Душанбе Маҳкамбой Гулов иттилоъ дод.
Ҳашар дар доираи Соли ҷавонон ба хотири ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати эълон намудани 150 рӯзи ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати сокинони пойтахт!» ва иқдоми ҷумҳуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» гузаронида шуд. Дар ҷараёни он ҷавонон ба тоза намудани роҳраву даруни ҷӯйборҳо, биноҳо, боғу гулгаштҳои ҳудуди шаҳрак, нарм намудани бехи дарахтон машғул гардиданд.
Аз ҷониби иштирокчиён зикр гардид, ки чун пайравони асили Пешвои миллат минбаъд низ ҷиҳати бунёдкориву созандагӣ ва сабзкориву хуррамгардонии пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ҳисса мегузоранд.

Февраль 20, 2017 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид