Иҷозатномаҳои «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» қатъ карда шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 (10) дар асоси моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо сабабҳои асоснок фаъолияти ин ду бонк қатъ карда шуд.
Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда шуд.
Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






