«Ҳифзи ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст»- бардошт аз барномаи фарҳангӣ дар Донишгоҳи давлатии Москва

Февраль 20, 2017 16:52

«Ҳифзи ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст»- бардошт аз барномаи фарҳангӣ дар Донишгоҳи давлатии МоскваДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳифзи ватан- вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид. Дар ҷаласа донишҷӯёни филиал бо намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар васфи Ватан- Модар шеъру суруд қироат карданд.
Полковник Файзиалӣ Дӯстиев, муовини сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд, ки пос доштани Ватан вазифаи ҳар як ҷавонмард буда, онҳоро мебояд ҳарчи бештару беҳтар дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия намуд.
Ҷавононро зарур аст дар оянда барои халқу Ватани худ хизмат кунанд, зеро Ватанро на бо забон, балки сидқан бояд дӯст дошт.
Ҳамчунин Файзиалӣ Дӯстиев зикр намуд, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳамкории зич дорад.
Дар оянда Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар ин самт ҳамкориро бо онҳо идома диҳад.

Февраль 20, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид