Имрӯз «Ҳосилот» ё «Шоҳин Асмоӣ» ба бозии плей-офф роҳхат мегиранд
ДУШАНБЕ, 07.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон дар соати 17:00 дар бозии баргашти интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҷиҳати соҳиб шудан ба роҳхати ягона ба бозии плей-офф вориди майдон мешаванд.
Бозии авввали ин дастаҳо, ки 31 январ дар Варзишгоҳи марказӣ сурат гирифта буд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Ҳосилот» анҷом ёфт. Як голи задаи Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-ум барои ба бозии плей-офф баромадани «Ҳосилот» кифоя аст ё не, имрӯз мухлисони футбол қазоват хоҳанд кард.
Коршиноси футболи Афғонистон Амонуллоҳ Қайсарӣ, ки ин бозиро мустақиман ба Афғонистон тавассути телевизион шарҳ медиҳад, боварӣ дорад, ки футболбозони Афғонистон дар вохӯрии баргашт бо «Ҳосилот» яке аз бозиҳои беҳтарини худро нишон медиҳанд ва барои ба даври дигар гузаштани «Ҳосилот» монеа эҷод хоҳанд кард.
Ғолиби ин бозӣ имрӯз ҳарифи навбатии худро аз бозии байни дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Дурдой»-и Қирғизистон интихоб мекунад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






