Ин ҳафта дар бозиҳои 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо рекорди голзанӣ гузошта шуд

Февраль 25, 2017 09:12

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рекорди голзанӣ дар бозиҳои 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо ин ҳафта дигар карда шуд. Дар ин бора сайти УЭФА хабар медиҳад.

Дастаҳое, ки дар рақобатҳои 1/8-финалии Лигаи чемпионҳои Аврупо ширкат карданд, бо задани 34 тӯб  рекорди гозаниро дар ин марҳалаи бозиҳо тағйир доданд. Дар натиҷа бозии аз ҳама серголи ин мусобиқа ба вохӯрии байни дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Монако» рост омад. Дар якҷоягӣ ин дастаҳо 8 голро ба ҳадаф расониданд. Ин нишондод дар бозиҳои дигари давр чунин буданд:

«Порту» — «Ювентус» — 0:2

«Севиля» — «Лестер Сити» — 2:1

«Байер» — «Атлетико» — 2:4

«Бавария» — «Арсенал» — 5:1

«Реал» — «Наполи» — 3:1

«ПСЖ» — «Барселона» — 4:0

«Бенфика» — «Боруссия» — 1:0

То ин маврид дар бозиҳои аввали 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо ҳанӯз дар мавсими соли 2013-2014 ба дарвозаи дастаҳо 26 тӯб ворид шуда буд, ки ин аз нишондоди ин ҳафта 8 гол кам мебошад.

Бозиҳои ҷавобии 1/8-финалӣ 7, 8, 14 ва 15 март гузаронида мешаванд.

Февраль 25, 2017 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид