Иштироки Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси федеролӣ оид ба интихоби Президенти Олмон
ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 феварали соли 2017 ҷаласаи Маҷлиси федеролии Олмон оид ба интихоби Президенти Олмон дар бинои Рейхстаг баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи Олмон Президент дар маҷлиси федеролӣ интихоб карда мешавад, ки он аз 630 нафар вакилони Бундестаг ва 630 нафар вакилони Бундесрат (Шӯрои федеролии намояндагиҳои ҳукуматҳои маҳалӣ) иборат аст.
Барои иштирок дар кори ин ҷаласа бо даъвати Раиси Бундестаг (парлумон) Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба ҳайси меҳмон иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон муҳлати фаъолияти Президенти амалкунандаи Олмон Йоахим Гаук ба итмом мерасад.
Барои ишғоли мансаби президентӣ 5 нафар номзадҳо аз ҳизбҳои гуногуни Олмон пешниҳод шуда буданд. Дар натиҷаи раъйдиҳӣ номзадии собиқ вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер бо ба даст овардани аксарияти кулли овозҳо дастболо гардида, Президенти 12-уми федеролии Олмон интихоб гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






