Иштироки ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар «Текстиллегпром»

Февраль 13, 2017 16:47

ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар пойтахти Россия- шаҳри Москва намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», ки аз бузургтарин намоишгоҳҳои нассоҷӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб меёбад, ифтитоҳ мегардад. Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ корхонаҳои бонуфузи нассоҷию дӯзандагии кишвар, ба мисли «Ваҳдат», «ХИМА-Текстил», «Неку Хуҷанд», «Ортекс», «РБТ Тоҷикистон», «Ноҳид», «Меҳровар» ва «Олим Текстайл» намояндагӣ менамоянд. «Текстиллегпром» ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук эътироф гардида, имконоти нодири намоиши маҳсулот ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ- ашёи хом, таҷҳизот ва маҳсулоти тайёр мебошад. Интизор меравад, ки теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37 000 нафар хоҳад расид, ки бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат шинос хоҳанд шуд.
Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мегӯяд: «Текстиллегпром» истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Россия гирди ҳам оварда, имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Россия ва талаботи онро бештар омӯзанд. Инчунин бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо робитаи ҳамкорӣ барқарор намоянд». Ҳамзамон Шаҳло Абидҷонова, масъули ширкати «Олим Текстайл» иброз дошт, ки «талош дорем, то тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ҳузури худамонро дар бозори Россия таҳким бахшем».
Намояндагони ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар радифи иштирок дар намоишгоҳ, ҳамзамон аз гӯшаҳои намоишгоҳи «Текстиллегпром» боздид намуда, бо таҷрибаи ҳамтоёни хориҷии худ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин шинос мегарданд. Иштироки корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Москва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат сурат мегирад.

Февраль 13, 2017 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид