Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон

Февраль 28, 2017 19:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи 28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ вориди шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии меҳмони олимақом горди фахрӣ ва оркестри нафасӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои Тоҷикистону Покистон, аксҳои сарони давлатҳои ду кишвар ва шиору навиштаҷот оро ёфта буд.

Дар маросими истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, аз тупхонаҳо шиллик паронда шуд.

Февраль 28, 2017 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд