Изҳорот барои матбуот аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин

Февраль 27, 2017 20:27

27.02.2017, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Мо имрӯз кори созанда ва самарабахше анҷом додем, ки дар натиҷа як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҷолиби диққат аст, ки сафари муҳтарам Владимир Владимирович дар соли биступанҷсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо сурат мегирад.

Мутмаинам, ки натиҷаҳои он ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия набзи нави динамикӣ ва мутаносиб мебахшад.

Россия дар ҳамаи соҳаҳо шарики стратегии Тоҷикистон буд ва мемонад.

Ҳамчун кафили иҷрои созишномаи сулҳ Россия дар раванди барқарорсозии сулҳ ва ризоят дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими истиқлолияти миллии он саҳми назаррас гузошт.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкорӣ бо Россия дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим ба таври назаррас рушд ёфт.

Пояи ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Россия, ки тақрибан аз дусаду шаст ҳуҷҷат иборат аст, амалан тамоми ҷанбаҳои ҳамгироии мо-аз ҳарбӣ-техникӣ то лоиҳаҳои бузурги иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.

Муколамаи дар сатҳи олӣ доиргардида бори дигар дараҷаи олии эътимоди сиёсии тарафайнро, ки мо хеле қадр мекунем, собит намуд.

Ҷонибҳо сатҳи бадастомадаи муносиботи ду кишварро баланд арзёбӣ намуданд.

Мо ба он розием, ки барои минбаъд мукаммал намудани онҳо иқтидори калони истифоданашуда мавҷуд аст.

Барои идомаи муколамаи доимии сиёсӣ ҳавасмандии дуҷониба изҳор гардид, ки ба беҳсозии ҳамгироии мо дар тамоми самтҳо мусоидат мекунад.

Дар раванди музокирот мо вазъ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Россияро дар доираи дуҷониба ва дар арсаи ташкилотҳои байналмилалӣ-СММ, СҲШ, ИДМ ва СААД баррасӣ намудем.

Барои такмили робитаҳои иқтисодии мо вусъат додани ҳудуди ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои дар ин соҳа мавҷуд аҳамияти бузург дорад.

Ҷонибҳо ҳамчунин омодагиро барои идомаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои басо муҳими иқтисодӣ, ба мисли кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бо шумули нафту газ тасдиқ намуданд.

Омодагӣ ба кори муштарак дар афзудани истеҳсолот ва интиқоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Россия таъкид гардид.

Мо доир ба нақши калидии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ҳалли мушкилоте, ки имрӯз дар назди мо ҳастанд, фикри ҳамсон доштем.

Масоили муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.

Мо изҳори умед менамоем, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Россия дастгирӣ меёбанд.

Мо тасмим гирифтем, ки дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маориф, як зумра тадбирҳои судманд андешем.

Дар ин замина, муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани таваҷҷуҳи рӯзафзуни шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии таҳсилот ба забони русӣ таъкид гардид.

Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон филиалҳои 3 муассисаи олии Россия фаъолият мекунанд ва дар муассисаҳои олии Россия бошад қариб 20 ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла тибқи бурсияҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Россия ҷудо карда мешаванд, таҳсил менамоянд.

Мо аз Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавриди қарор оид ба зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар ин соли хониш сипосгузорем.

Дар баробари таҳсили ҷавонони тоҷик дар Россия, бунёди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии нави таҳсил ба забони русӣ дар Тоҷикистон ва инчунин таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо омӯзгорони забони русӣ, китоб ва ашёҳои хониш масоили мубрам боқӣ мемонанд.

Ҳангоми баррасии масоили байналмилалӣ ба ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккили фаромиллӣ диққати махсус зоҳир карда шуд.

Мо ҳамгироии судманд ва самарабахши сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро қайд намуда, оид ба ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои худ дар ин самт ба мувофиқа расидем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки беш аз 60 дарсади сарҳади берунаи ИДМ бо Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Кишвари мо дар ин росто дар ҷилавгоҳ қарор дорад ва ин ба дӯши мо дар кори вокуниши муносиб ва пешгирии ҳамагуна таҳдидҳову чолишҳое, ки ба вуқуъ мепайванданд, масъулияти бузургеро вогузор мекунад.

Дар ин росто, мо ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба барқарор намудани сулҳ ва субот дар ин кишвари ҳамсоя фикри ҳамсон доштем.

Талошҳои муштарак доир ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ, пеш аз ҳама бо роҳи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таҳкими имконияти мудофиавии кишвари мо ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид карда шуданд.

Дар фарҷом мехостам ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович барои сарфароз гардонидан бо мукофоти олии давлатии Федератсияи Россия – Ордени Александр Невский миннатдории самимии худро изҳор намоям.

Ин мукофотро ман, пеш аз хама, ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Россияи бародар арзёбӣ мекунам.

Ва акнун бо камоли мамнуният суханро ба муҳтарам Владимир Владимирович медиҳам, марҳамат.

Февраль 27, 2017 20:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд