Дар бинои «Амонатбонк» сӯхтор ба амал омад

Февраль 21, 2017 16:38

ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 феврал соати 15:09 ба вақти маҳаллӣ бинои марказии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» оташ гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ба ҷои ҳодиса ҳамаи техника ва лавозимоти оташхомӯшкунӣ фиристода шуданд.
Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, наҷотдиҳандагони кумита кормандон ва муштариёни бонкро сари вақт аз бино бароварданд.
Ба маълумоти сарчашма, дар айни ҳол 90 фоизи оташ хомӯш карда шудааст. Ба гуфти шоҳидон боми бонк пурра сӯхтааст.
Дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Маълумоти муфассал оид ба сабабҳои сӯхтор пас аз тафтишот пешниҳод карда мешавад.

Февраль 21, 2017 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид