Китоби Нуриддиновҳо таҳти унвони «Дипломатия» аз чоп баромад

Февраль 27, 2017 16:26

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «ЭР граф» таҳти унвони «Дипломатия» китоби Раймалӣ Нуриддинов ва Парвин Нуриддинов аз чоп баромад. Дар китоб ҷанбаҳои асосии дипломатияи касбии муосир бо назардошти дигаргуниҳои бунёдии ибтидои асри ХХI инъикос ёфтаанд.
Бо истифода аз сарчашмаҳо ва адабиёти зарурии дастрас ба забонҳои русӣ, англисӣ, тоҷикӣ ва форсӣ муаллифон кӯшиш намудаанд, ки нозукиҳои санъат, усулҳо ва роҳҳои гуногуни дипломатияи муосирро инъикос намоянд. Ҷиҳати фарқкунандаи китоби мазкур аз он иборат аст, ки аз осори ғании дипломатияи форсу тоҷик истифода бурда, хусусиятҳои хоси паҳлӯҳои алоҳидаи дипломатияи имрӯзаи Тоҷикистон таҳлил гардидааст. Ҳангоми таълифи китоб муаллифон аз таҷриба ва дониши дипломатҳои кишвар ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ба таври васеъ истифода бурдаанд. Забони сода ва оммафаҳми китоби дарсии мазкур имкон медиҳад, ки он барои тамоми шавқмандон, донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯён, аспирантон, омӯзгорон ва гурӯҳи васеи хонандагон, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи дипломатия, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ машғуланд, ҷолиби диққат бошад.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:
Нуриддинов Раймалӣ Шахбозович, соли таваллудаш 1961, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.
Мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Р.Ш. Нуриддинов муаллифи китобҳои дарсии «Фаъолияти иттилоотӣтаҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ», «Сиёсати ҷаҳонӣ», «Дипломатия», «Суҳбатҳои дипломатӣ», «Геополитика», «Асосҳои сиёсатшиносӣ» мебошад.
Тадқиқоти илмии Р.Ш. Нуриддинов соҳаҳои сиёсатшиносӣ, геополитика, муносибатҳои байналхалқӣ, хадамоти дипломатӣ ва сиёсати ҷаҳониро дарбар мегиранд.

Нуриддинов Парвин Раймалихонович, соли таваллудаш 1989, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои сиёсӣ.
Аз соли 2013 мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар ҳамбастагӣ) мебошад.
П.Р. Нуриддинов ҳаммуаллифи китобҳои дарсии «Фаъолияти иттилоотӣтаҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ», «Сиёсати ҷаҳонӣ», «Дипломатия», «Суҳбатҳои дипломатӣ», «Геополитика» ва муаллифи монографияи «Политические партии и партийная система Афганистана» ва энсиклопедияи биографии «Кто есть кто в Афганистане» мебошад.
Тадқиқоти илмии П.Р. Нуриддинов масъалаҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми ҳизбии кишварҳои Шарқ, ҳамчунин соҳаҳои сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, хадамоти дипломатӣ ва сиёсати ҷаҳониро дарбар мегирад.

Февраль 27, 2017 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад