Комбайни пахтачинии ХПМ-2,4 дар заминҳои пахтаи кишвар аз озмоиш гузашт

Февраль 3, 2017 09:23

ДУШАНБЕ, 3.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Комбайни пахтачинии навъи ХМП-2,4, ки дар асоси трактори «Беларус 80Х» охирин фановарӣ мебошад, дар баробари пахтачинӣ дигар амалиётро низ ба анҷом мерасонад. Ширкати «Гомселмаш»-и Ҷумҳурии Беларус тобистони соли 2016 барои ҷамъоварии пахта ин навъи комбайни универсалиро ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии (КВДҶ) «Тоҷикагролизинг» равон намуд.
Тавре директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ҷамъоварии пахта яке аз машғулиятҳои сангин ба шумор меравад. Дар замонҳои гузашта пахта бо даст чида мешуд, вале ихтирои воситаҳои техникӣ барои ҷамъоварии пахта дастёбӣ ба мавқеияти воқеӣ дар ин замина гардид.
Ба маълумоти Юсуф Акрамзода, барои ба кор даровардани техника ва озмоиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминҳои пахтаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мутахассисони ширкати «Гомселмаш» сафарбар карда шуданд. Дар марҳалаи нахустини ҳамкорӣ озмоиши дақиқи комбайн дар шароити иқлими гарм сурат гирифта, семинари махсус бо намоиш додани имконияти мошини мазкур барои пахтакорони Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш баргузор гардид, ки аз ҷониби пахтакорони ин минтақа хуш пазируфта шуд. Дар айни ҳол намоиш додани имконияти мошини мазкур барои пахтакорони дигар минтақаҳо низ дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои мутахассисон, тарҳи комбайни пахтачинӣ, ки дар асоси трактори МТЗ 80Х «Гомселмаш» сохта шудааст, дар охирҳои соли 2014 ба итмом расида, дар заминҳои пахтаи кишварҳои Осиёи Миёна аз озмоиш гузаштааст. Мошини пахтачинӣ бо дастгоҳҳои тозакунандаи буттаҳо, ки хеле моҳирона пунбаро аз ғӯза ҷудо карда, ба дастгоҳи пахтағундорӣ медиҳад, муҷаҳҳаз карда шудааст.
Комбайни пахтачинии ХМП-2,4 якбора чиниши чор қатори пахтаро фаро мегирад. Буттаи пахта ҳангоми кор кардани мошин каме хам шуда, ба сепараторҳои махсус дохил мешавад, ки он дорои чаҳор дук мебошад. Механизми ин сепараторҳо тавре сохта шудааст, ки онҳо танҳо нахи пахтаи расидаро чида, баргу ғӯзаҳои норасидаро дар ғӯзаҳои пахта ба осеб дучор намекунад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба масъулини соҳа супориш доданд, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода изҳор намуд, ки пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ чун соҳаи асосии кишоварзии ҷумҳурӣ боқӣ монда, дар ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Дар ҳолати зиёд гардидани масоҳати заминҳои кишти пахта, талаботи кишоварзон ба техникаҳои муқтадири ҳозиразамон, ки барои осон гардидани кори деҳқонон мусоидат менамояд, зиёд мегардад. Бинобар ин, масъулини КВДҶ «Тоҷикагролизинг» воридоти техникаи ҳозиразамонро зарур шуморида, дар давоми соли равон ният доранд, ки навтарин техникаҳои кишоварзиро ба деҳқонон дастрас намоянд.

Мавҷуда АНВАРӢ

Февраль 3, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд